КҲФ аз фавти ду нафар дар Рашту Панҷ хабар дод: Яке 6 ва дигаре 39 сол дошт

Кӯдаки 6-сола бинобар беаҳамиятии калонсолон дар канали об ғарқ шуда, ҷон бохтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 октябрь — Sputnik. Дар деҳаи Сомони ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як кӯдаки 6-сола дар об ғарқ шуда, ҷон бохтаст, хабар дод КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ноболиғ бидуни назорати волидону калонсолон ба канали Қумсангир сарозер шудааст. Наҷотбахшон ҷасади кӯдакро 400 метр дуртар аз макони ҳодиса дарёфт намуда, ба волидони ӯ супурдаанд.
Гузашта аз ин як мавриди ғарқшавии дигар дар ноҳияи Рашт ба вуқуъ пайвастааст.
Манбаъ меафзояд, сокини 39-солаи деҳаи Калакуни ҷамоати деҳоти Ғарм, ки бемори рӯҳӣ будааст, аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯ 12 километр дуртар аз макони зисташ пайдо гаштааст.
Шаҳрванди 31 - солаи Чин дар канали Ёвон ғарқ шуд
Наҷотбахшон ҷасадро аз деҳаи Деҳқонобод, аз лаби рӯди Сурхоб пайдо ва ба мақомоти марбута таслим намудаанд.
КҲФ бо нашри ин ду хабари нохуш аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, ки кӯдаконро бидуни назорат нагузоранд ва дар назди рӯду каналҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.