ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Блогер аз Тоҷикистон Руслан Бобиев бо иттиҳоми таҳқири эҳсоси диндорон барои нашри акси акси ғайриахлоқӣ дар пасманзари калисои Василий ба зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба дафтари матбуотии додгоҳи Маскав. .
Бобиев ҳамакнун 10 моҳро дар зиндон сипарӣ мекунад. Ҳамзамон додгоҳ ҳамроҳи ӯ Анастасия Чистоваро низ айнан ба ҳамин муҳлат ба зиндон ҳукм кард.
"Додгоҳ муайян кард, ки онҳо ошкоро ба эҳсоси диннии диндорон беэҳтиромӣ зоҳир намуданд", - омадааст дар хабар.
Бобиев аз тариқи аксҳое, ки бо Анастасия Чистова дар либоси корманди пулис дар пеши ибодатгоҳи масеҳиён дар маркази Маскав гирифтааст, як мавриди ғайриахлоқиро ба намоиш гузошт, ки нашри он дар шабакаҳо шӯр барангехт. Баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бо ҳабси блогер анҷомиданд.
Худи Бобиев дар як наворе зимни бозпурсияш бо узрхоҳӣ изҳор доштааст, ки дигар чунин корҳоро нахоҳад кард.
Ҳамчунин Чистова низ дар сафҳаи "Instagram"-и худ аз кулли ҷомеаи Русия узр пурсид. Ӯ изҳор дошт, ки танҳо шуҳрату маъруфият мехост, вале ҳоло арзиши чунин шуҳратро дарк кардааст.