ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "В" бар тими Непал пирӯзии бузург ба даст овард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Футболбозони тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба дарвозаи ҳариф шаш голи беҷавоб ворид кард.
Голҳоро Шервон Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов, Рустам Соиров, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Ваҳдат Ҳаннонов ва Эмомалӣ Аҳмадхон ба дарвоза ворид карданд.
Ҳамин тавр шаш голи беҷавоб ба тими миллии Тоҷикистон пирӯзии комил овард.
Мухлисони ватанӣ тими миллиро бо кафкӯбиҳои бардавом дастгирӣ карданд ва аз минбарҳо "Тоҷикистон!", "Тоҷикистон, ба пеш!" садо мекарданд.
Акнун тими олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз тими миллии Эрон бозӣ хоҳад кард.
Рақобат дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 рӯзи якшанбе, 31 октябр баргузор мешавад.
Ин вохӯрӣ дар Душанбе, дар варзишгоҳи марказӣ баргузор шуда, соати 19:00, ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.
ФФТ тавзеҳ додааст, ки барои ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтани футболбозони тоҷик мусовӣ бозӣ кардан бо Эрон кофӣ аст.