Даргирӣ миёни пулис ва исломгароён дар Покистон

Дар натиҷаи як даргирӣ дар миёни нерӯҳои пулису исломгароён дар Покистон ҳашт нафар ҷон бохт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ҷунбиши ростгарои ифротии исломгаро "Таҳрики лаббайк Покистон" бо нерӯҳои пулиси ин кишвар задухӯрд кардааст, ки дар натиҷа ҳашт нафар кушта шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "Deh News".
Тибқи иттилои манбаъ, миёни кушташудагон чаҳор пулиси покистонӣ низ ҳаст.
Тибқи иттилои хабаргузории "Дун", тарафдорони ин ҳизб мехостанд ба маркази кишвар бираванд, то раҳбари ин ҳизбро, ки моҳи апрел боздошт шуда буд, раҳо кунанд, вале пулиси кишвар монеъ шуд ва ба ҳамин хотир даргириҳо оғоз шуданд.
Вокуниши тунди Амруллоҳ Солеҳ ба сафари мақомоти Покистон ба Афғонистон
Қаблан Ҳукумати Покистон эълом карда буд, ки ин созмонро як гурӯҳи шибҳинизомӣ медонад.
Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ пас аз он шуруъ шуданд, ки мақомот дархости онҳоро дар бораи ихроҷи сафири Фаронса иҷро накарданд.
Гуфта мешавад, ҳудуди ҳашт ҳазор исломгаро роҳпаймоии худро аз Лоҳур, маркази устони Панҷоб ба самти Исломобод оғоз карданд, ки дар авохири ҳафтаи гузашта барои гуфтугӯ бо давлати ба таъвиқ афтод.