Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар як шаҳри Чин, наздик ба марзи Русия карантин эълон шуд

Ба сокинони шаҳр бе зарурати қатъӣ баромадан аз хонаҳояшон манъ карда шуда, кори нақлиёт ва мағозаҳо низ маҳдуд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Шаҳри Хейхэи Чин, воқеъ дар рӯ ба рӯи вилояти Амури Русия, карантин шуд. Дар ин бора "The ​​Beijing News" менависад.
Нашрия қайд мекунад, ки чунин чораҳо аз ҷониби мақомоти Чин ба далели афзоиши ҳолатҳои нави коронавирус андешида шудаанд.
Дар Хейхэ аз 28 октябр дар ҳаракати нақлиёт назорати қатъӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар шаҳр хидмати таксиҳо қатъ шудааст ва автобусҳо низ ҳаракат намекунанд.
Мошинҳо танҳо барои расонидани ёрии тиббӣ, дастгирии истеҳсолӣ ва амалиёти наҷот истифода мешаванд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гинсбург роҳеро нишон дод, ки 100% аз коронавирус муҳофизат мекунад
Ҳамчунин дар шаҳри ҳаммарзи Чин бо Русия соати кори дӯконҳо, дорухонаҳо ва анборҳо кам карда шудааст. Илова бар ин, чорабиниҳои ҷамъӣ манъ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ баста мешаванд.
Маҳдудиятҳо фавран пас аз ошкор шудани чор ҳолати нави COVID-19 ҷорӣ карда шудаанд.
Қаблан як шаҳри дигари Чин Ланчжоу бо ҳамин сабаб таҳти карантини шадид қарор дошт. Аҳолии он зиёда аз се миллион нафар аст.
Ба сокинон бе зарурати қатъӣ аз хона баромадан мамнуъ буда, маҷмаъҳои маскунӣ зери назоратанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Вирусшиноси Вуҳан гуфт, коронавирус аз куҷо пайдо шуд
Бояд гуфт, бори аввал нест, ки мақомоти Чин аз сабаби коронавирус чораҳои шадид ҷорӣ мекунанд. Шаҳри Вуҳан, ки пандемияи COVID-19 аз он ҷо буруз карда буд, ду моҳ таҳти карантини шадид қарор гирифт.