Се куштигири тоҷик ба Сербия меравад

Муҳаммад Икромов ва Мустафо Ахмедов дар мусобиқаи куштии тарзи озод ва Далер Ризозода дар куштии юнонӣ-римӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Се куштигирӣ тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 23-сола иштирок мекунанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, Қаҳрамонии куштии ҷаҳон миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Белгради Сербия баргузор мегардад.
Ин мусобиқа аз рӯи равияҳои тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон сурат мегирад, ки ҳудуди 620 варзишгар аз 58 давлатро дарбар мегирад.
Пирӯзии додарзодаи Расул Боқиев дар мусобиқаи гуштин: соҳиби автомашина шуд
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Муҳаммад Икромов, Мустафо Ахмедов дар куштии тарзи озод ва Далер Ризозода дар куштии юнонӣ-римӣ намояндагӣ мекунанд.
Манбаъ меафзояд, тибқи барнома, қаҳрамонӣ 1-уми ноябр бо қувваозмоиҳои куштии юнонӣ-римӣ (ЮР) оғоз мегардад.