ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон аз ифтитоҳи хатсайри Тошканд - Хуҷанд - Тошканд хабар дод.
Гуфта мешавад, ҳар рӯз бо ин хатсайр ду маротиба автобус аз Тошканд ҷониби Хуҷанд ва аз Хуҷанд ба Тошканд ҳаракат мекунад. Қаблан низ байни Тошканду Хуҷанд хатти автобусҳо ба роҳ монда шуда буд, вале ба иллати бемории коронаиврус он мутаваққиф гардид.
Манбаъ меафзояд, бурдани мусофиронро ширкати нақлиётии "Ӯзавтотранс сервис" ва "Азия Групп" аз ҳар ду ҷониб ба дӯш доранд. Нархи сафар ба як самт 100 сомониро ташкил медиҳад.
Мусофирон дар 4-5 соат аз Тошканд ба Хуҷанд ё аз Хуҷанд ба Тошканд мерасанд. Доштани гувоҳиномаи ваксинзанӣ ва ё маълумотномаи сиҳатӣ аз коронавирус ҳатмӣ мебошад.
Интизор меравад, дар ояндаи наздик миёни шаҳрҳои дигари Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳаракати нақлиёти мусофирбар роҳандозӣ шавад.