Тилоҳои ихтилофӣ: ганҷинаи скиф ба Украина дода мешавад, на ба Қрим

Ҷавоҳири тилоӣ, осору бозёфтҳои нодир аз минтақаи баҳри Сиёҳ, ки Аврупо қаблан надида буд, дар соли 2013 аз осорхонаҳои Қрим ба Олмону Ҳолланд рафтанд ва то ҳол ба Ватан барнагаштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik, Анна Нехаева. Мурофиаи судӣ бештар аз як сол давом кард ва ахиран ҳукм баровард. Додгоҳи шикоятии Амстердам тилои скифро моликияти Украина хисоб кард. Гуфта мешавад, ки метавон аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи Олии Нидерландия шикоят бурд.

Дараҷаи Рембрандт ва "Парии дарёӣ"

Дар Ҳолланд тақрибан ду ҳазор ашёи нодир аз осорхонаҳои Қрим мавҷуд аст, ки соли 2013 ба намоишгоҳ дар Бонн ва сипас ба Амстердам бурда шудаанд.
Намоиши “Крим: тилло ва асрори баҳри Сиёҳ” чизҳоеро дар бар мегирад, ки дар Аврупо қаблан хол намоиш дода нашуда буданд. Ҷабъаи локии чинӣ аз қабристони Уст-Алма дар наздикии Бахчисарой, порае аз мақбараи рангоранги қабри шоҳи скифҳо Скилур дар Неаполи скифӣ дар Симферопол, муҷассамаи олиҳаи мори скифҳо, ки рамзи шаҳри Керч ба ҳисоб меравад, миёни онҳост.
Скифский золотой шлем четвертого века до нашей эры
Пас аз он ки Қрим ба Русия дубора пайваст, намоиш дар Осорхонаи Голландия Аллард Пирсон ба охир расид, сипас суоле ба миён омад, ки экспонатҳоро ба куҷо бояд баргардонанд? Ҳам Русия ва ҳам Украина ин маҷмуаро моли худ эълон кардаанд.
Мақомоти осорхонаҳои Қрим дар изҳороте гуфтаанд, ки "чунин талафот ба талафоти муҷассамаи "Парии дарёӣ"-и Эдвард Эриксен копенгагенӣ ё нақошии "Назорати шабона"-и Рембрандт амстердамӣ баробар аст. "Дар якҷоягӣ бо ин ашё мо метавонем на танҳо ашёи дорои аҳамияти ҷаҳонӣ, балки мероси археологиеро, ки асоси рамзи фарҳангии халқи моро нишон медиҳад, аз даст диҳем".
Осорхонаи Аллард Пирсон тасмим гирифт, то мутобиқ ба қарори додгоҳ ё созишномаи байни кишварҳо, нигораҳои таърихиро ба ҳар ду кишвар надиҳад.
Киев нигораҳоро барои худ талаб ва даъво кард, ки онҳо моликияти давлатии Украина мебошанд. Дар Қрим ин амалро кӯшиши забти рейдерӣ номиданд.
Додгоҳе дар Амстердам дар моҳи декабри соли 2016 қарор кард, ки "нигораҳои Қрим тибқи қонуни мероси Ҳолланд (фарҳангӣ), бояд ба давлати Украина супурда шаванд."
Золотой кулон I века нашей эры в форме оленя, найденный в могиле в некрополе Усть-Алма и являющийся частью Крыма
Осорхонаҳои Қрим вакилони худро иваз ва шикоят ҷавобӣ пешниҳод карданд, ки он танҳо дар моҳи марти соли 2019 баррасӣ шуд.
Дар тӯли ин муддат тиллои скиф дар таҳхонаҳои Осорхонаи Аллард Пирсон нигоҳ дошта мешуд.

Сиёсат ё ахлоқ?

"Таърихи фоҷиабори ҳаракати арзишҳои фарҳангӣ дар миёнаҳои асри 20 набояд дар асри 21 такрор шавад ва ҳатто имкони назарии маҳрум кардани мардум аз мероси фарҳангии онҳо қобили қабул нест", - таъкид кардаанд мақомоти осорхонаҳои Қрим.
Мавқеи Осорхона – мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Қрими Шарқӣ, Осорхонаи Таврияи Симферопол, Осорхона-мамнуъгоҳи таърихию фарҳангӣ ва бостоншиносии Бахчисарой ва мамнуъгоҳи бостоншиносии “Таврик Херсонес” бетағйир боқӣ мемонад. Тилло бояд баргардонида шавад.
Посетитель, разглядывающий артефакты, представленные во время выставки "Крым: золото и секреты Черного моря"
Сиёсатмадорон ва ҳуқуқшиносони Русия аз онҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Михаил Швидкой, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ, гуфт, вакилони дифоъ аз ҷониби Русия ин нуктаро ҳидоят мекунанд, ки “созишномаҳо байни осорхонаҳо қимати на камтар ва шояд бештар аз нооромиҳои давлатӣ доранд".
Ноиби президенти Ассотсиатсияи байналмилалии ҳуқуқшиносони русзабон Михаил Йоффе мегӯяд, новобаста аз тағйири мақоми ҷумҳурӣ ва пайвастани он ба Русия, тилоҳо бояд дар осорхонаҳои Қрим нигоҳ дошта шавад. "Намояндаи ҷониби Украина кӯшиш мекунад, ки мақоми сиёсиву ҷуғрофии нимҷазираро тағйир диҳад. Ва ин ба табиати ҳуқуқӣ дахл надорад. Дар додгоҳ чӣ бартарӣ хоҳад дошт: ақли солим, қонун ё беқонунӣ ва сиёсат?
Рақибон низ муайян шудаанд. Ҳуқуқшинос Мартин Сандерс аз ҷониби Украина хабар дод, ки Киев ҳар гуна имкони созиш дар баҳс бо осорхонаҳои Қримро намепазирад.
Золотое украшение скифов
Дар посух ба ин суолҳои "оё Украина ният дорад, як қисми нигораҳоро ба осорхонаҳои Қрим бифурӯшад ё ҳадя кунад?", "оё тило ба Киев интиқол меёбад ё на?", ҳуқуқшинос посух дод, ки дар бораи чунин нақшаҳо хабар надорад. "Ин мероси фарҳангӣ аст ва ман фикр намекунам, ки он барои фурӯш бошад", - гуфт ӯ.

Назари коршинос

Ба гуфтаи коршиносон, мавқеи осорхонаҳои Қрим он аст, ки нигораҳои таърихиро бостоншиносони маҳаллӣ дар Қрим пайдо кардаанд ва ин бозёфтҳо фарҳангҳои археологии нимҷазираро тавсиф мекунанд.
Лаҳзаи бюрократӣ халли масъаларо душвор мегардонад. Иҷозати содироти нигораҳои қиматбаҳоро Украина додааст ва Нидерландия баргардонидани энигораҳоро ба Украина кафолат додааст. Ин дар шартномаҳо навишта шудааст.
Асорати сиёсӣ ва қарзӣ: Иттиҳоди Аврупо ба Украина чӣ дод
Ин корро осон намекунад ва чунин ба назар мерасад, ки равандро дидаю дониста кашол медиҳад. Дар моҳи июли соли 2019 қарори муваққатӣ қабул шуд, ки конвенсияи ЮНЕСКО дар соли 1970, ки Украина ба он ишора кардааст, дар ин маврид татбиқ намегардад. Додгоҳ аз тарафҳо маълумоти иловагӣ талаб кард.
Осорхонаҳои Қрим боз ҳуҷҷатҳои архивӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои асри 19-ро дар бораи пайдоиши ҳама ашё пешниҳод карданд.
Моҳи марти соли 2020 мурофиаи судӣ бинобар пандемия ба моҳи июл ба мавқуф гузошта шуд.
Онҳо ваъда дода буданд, ки ҳукмро дар моҳи сентябри соли 2021 мебароранд, аммо "бо назардошти ҳолатҳои ғайричашмдошт" онро то 26 октябр мавқуф гузоштанд.

Онҳо дар бораи чӣ баҳс мекунанд?

“Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ, нигораи таърихӣ ба ҷое, ки аз он ҷост, вобаста аст. Тиллои скиф аз Киев ё Лвов нест. Ин скиф аст, ки дар қаламрави Қрим пайдо шудааст. Чаро шумо бояд онро ба касе дигар диҳед? Миёни Нидерландия ва Украина созишномае нест, ин як баҳси сирф байни осорхонаӣ ва хусусӣ аст. Албатта, агар тило ба Қрим баргардад аз рӯи адолат аст”, - мегӯяд ҳуқуқшиноси байналмилалӣ Анатолий Капустин.
Украина: солгарди буҳрон
Ба нодир будани беш аз ду ҳазор нигораҳои Қрим тамошобинон метавонистанд дар намоишгоҳи Бонн ва Амстердам муътақид шаванд. Дар Аврупо ин гуна барномаи калони археологӣ бахшида ба таърихӣ Крим ва минтақаи баҳри Сиёҳ ҳеҷ гоҳ набуд. Афсона ва ривоятҳо дар бораи скифҳо, халқҳои бодиянишин, ки аз даштҳои баҳри Сиёҳ ба қаламрави Чини муосир кӯчидаанд, бар асрори он афзуд.
Ин таърихи ҳазорсола аст. Нигораҳои кадимиро аз ҳад зиёд баҳо додан мумкин нест. Бархе аз коршиносон дар бораи маблағи бима ҳарф зада, онро ду миллион евро гуфтаанд.
Миёни нигораҳои таърихӣ маснуоти ороишӣ, зарфҳо, қитъаҳои силоҳ, пайкараҳои худоҳои Юнони Қадим, сафолу шиша, гулдонҳои рангоранг ва пайкарҳои терракота мавҷуданд.
Қрим ба муддати тӯлонӣ як маркази фарҳангӣ буд, ки дар он фарҳангҳои Ғарбу Шарқ, империяҳо ва давлатҳои Юнон ба ҳам омехтанд.