ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки барои ширкат дар иҷлоси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба Теҳрон сафар кардааст, шоми дирӯз бо раиси Ҷумҳурии Эрон Сайидиброҳими Раисӣ мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Эрон.
Дар ин мулоқот Раисӣ бо ишора ба муштаракоти таърихӣ, динӣ ва фарҳангии амиқи миёни Эрону Тоҷикистон гуфт: “Бояд аз ин зарфиятҳо барои таҳкиму тақвияти равобит ва ҳамкориҳои наздиктару густардатар истифода шавад”.
Вай дар идома бар аҳамияти ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсоя, бахусус Эрон ва Тоҷикистон барои истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон таъкид кард: “Мо дар пайи ташкили як ҳукумати фарогир, иборат аз тамоми қавму гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон ҳастем”.
Ба гуфтаи Раисӣ, “дар Афғонистон бояд як ҳукумати фарогире вуҷуд дошта бошад, ки амнияти Афғонистонро тазмин карда тавонад ва ба ҷанг, хунрезӣ ва бародаркушӣ хотима бахшад”.
Раиси Ҷумҳурии Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ гуфтааст: “Ҳодисаҳои террористӣ дар Афғонистон дили ҳар як инсонро ба дард меорад ва шакке нест, ки амрикоиҳо дар ин гуна ҳодисаҳо даст доранд ва намехоҳанд, ки мардуми Афғонистон ба ормиш ва амният бирасанд”.
Раисӣ изҳори умедворӣ кардаст, ки иҷлоси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон “битавонад ба ҳамоҳангӣ ва гуфтумони муштараке дар шаклгирии ҳукумати фарогир дар Афғонистон бианҷомад”.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ бо ибрози ризоят аз рушди муносиботи бийни ду кишвари дӯсту бародар сафари расмии Сайидиброҳими Раисӣ ба Тоҷикистонро “оғози як саҳифаи тозае дар равобити ду кишвар” хонд.
- “Мо азм дорем, то сатҳи равобит ва ҳамкориҳоро бо Теҳрон ҳарчи бештар афзоиш диҳем ва тавофуқоти созишномаҳои ба дастомадаро амалӣ намоем”. – изҳор доштааст вай.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, "Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки узвияти доимии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай манфиатҳои зиёде дошта, ба сулҳу субот дар минтақа мусоидат хоҳад кард”..
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суҳбат дар бораи вазъияти ҷорӣ дар Афғонистон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори ташкили як ҳукумати дар ҳақиқат фарогир дар ин кишвар мебошад, то замина барои суботу оромиш фароҳам шавад.