Ишораи Патрушев ба даст доштани муҳоҷирони тоҷик дар қочоқи маводи мухаддир

Беш аз 600 шаҳрванди Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Украина барои даст доштан дар тиҷорати маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, мизони ҷиноят дар бахши маводи мухаддир ва истифодаи он дар маркази Русия ҳамчунон болост.
Ба гуфтаи вай, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набояд кори худро дар ин хусус заиф кунанд, дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия ин масъалаҳоро зери назорати худ гирифтааст.

"Дар соли равон дар манотиқи марказии Русия ҳудуди 6 тонна маводди мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шуданд. Ин нисбат ба соли қаблӣ ду баробар зиёд аст", - гуфт дабири Шӯрои амнияти Русия.

Вай тавзеҳ дод, ки дар соли 2021 дар минтақаҳои ҳавзаи марказии Русия аз истеҳсоли маводи мухаддир дар 132 тавлидгоҳи пинҳонӣ пешгирӣ карда шуд.
Ҳудуди 13 ҳазор нафар барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, аз ҷумла ташкили қочоқи маводи мухаддир аз Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ, ҳамчунин аз баъзе кишварҳои Аврупо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод
Афзоиши шумораи чиноятҳо кариб 10 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, тавре кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян кардаанд, қонуншиканиҳо миёни муҳоҷирони кории хориҷӣ бештар шудааст.
Ҳамин тариқ беш аз 600 шаҳрванди Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Украина ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Сокинони Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар интиқол ва фурӯши маводи мухаддир иштирок доштаанд.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки дар соли равон мизони ошкор кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир бо истифода аз интернет ва технологияҳои IT ду баробар афзоиш ёфтааст.
Патрушев афзуд, ки бо дарназардошти миқёси паҳншавӣ ва истеъмоли маводи мухаддир дар ҳавзаи федералии марказӣ барои баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати табобати нашъамандон чораҳои мушаххас андешида шудаанд.
Сиёсатшинос: ба ваъдаи "Толибон"* барои мубориза бо маводи мухаддир набояд бовар кард
Ҳамчунин дабири Шӯрои амнияти Русия, ба "вазъи душвори кунунии марбут ба афзоиши ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ дар марказ" ишора кард.

“Яке аз омилҳои таҳдидкунандаи ташдиди вазъи ҷинояткорӣ ворид шудани пайравони равияҳои мазҳабии тундгаро ба қаламрави Русия, анҷом додани фаъолияти таблиғотӣ ва ҷазби соирин, аз ҷумла дар ҷойҳои иқомат ва кори ҷамъиятии муҳоҷирони хориҷӣ мебошад”, - гуфт Николай Патрушев.

Вай аз роҳбарони вилоятҳо, сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсус хоҳиш кард, ки масъалаҳои пешгирии паҳншавии ақидаҳои тундгароӣ миёни муҳоҷирони хориҷиро зери назорати қатъӣ бигиранд.
Ба гуфтаи дабири Шӯрои амният, бояд риояи қонунгузории Русия аз ҷониби муҳоҷирон таъмин ва аз зуҳуроти бегонаситезӣ пешгирӣ шавад.
Ҳамчунин ба гуфтаи вай, амнияти ҷамъиятӣ дар маконҳои иқомат ва кори муҳоҷирон таъмин шавад.
Николай Патрушев илова кард, ки имрӯзҳо технологияҳои иттилоотӣ барои ҷалби ҷангҷӯён, қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ, маблағгузории террористон бештар истифода мешаванд.