Ин иҷлос бо суханронии Раисҷумҳури Эрон Сайидиброҳими Раисӣ оғоз шуд. Дар он вазирони корҳои хориҷии Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Ӯзбакистон, Туркманистон ба таври ҳузурӣ ва вазирони корҳои хориҷии Русияву Чин ба таври маҷозӣ ё видеоӣ ширкат намуда, перомуни роҳҳо ва абзорҳои мавҷуди кумак ба мардуми Афғонистон барои рафъи чолишҳои ҷиддию ваҳшатнок табодули назар мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".
Таҳаввулоти сареу ногаҳонӣ, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ дар пайи хуруҷи саросемавори ИМА, суқути ногаҳонии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва тасаллути "Толибон"* бар Афғонистон иттифоқ афтод, барои кулли минтақа паёмадҳои ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ ба ҳамроҳ дошт.
Бештари кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бар ин назаранд, ки рӯйкарди минтақаӣ бо ҳимоят ва пуштибонии СММ метавонад ба мардуми Афғонистон дар рафъи буҳрони кунунӣ кумак кунад. Дар ин замина таваҷҷуҳ ба ҳаллу фасли фаврии масъалаҳои зерин муҳим аст:
1. Зарурати иқдомоти ҷиддӣ барои таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон. Ҳукмронии як гурӯҳи қавмӣ ё мазҳабӣ бар тамоми кишвар маҳкум ба шикаст аст. Афғонистон як кишвари сермиллат аст ва барои ба даст овардани эътимоди мардуми Афғонистон ва инчунин бархурдор шудан аз эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳукумате ба намояндагӣ аз тамоми афғонистониҳо ташкил карда шавад.
2. Саъю кушиши мавҷуд дар бобати расондани ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон бояд дучанд гардад. Зеро зимистон наздик аст ва мардум ба кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ кумак набояд ба масъалаҳои дигар вобаста шавад.
3. Таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба вуруди паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварҳои ҳамсоя бояд ҷиддитар шавад ва дар заминаи кумак ба онҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои ғарбӣ, саҳми ҷиддӣ бигиранд.
4. Тайи солхои ахир мардуми Афғонистон, аз ҷумла занон, ки нисфи аҳолиро ташкил медиҳанд, дар пешрафти кишвари худ нақши назаррас доштанд. Набояд гузошт, ки ин муваффақиятҳо аз байн бираванд.
5. Бо терроризм бояд бо қотеияти тамом мубориза кард. Набояд иҷоза дод, то гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ* аз вазъи кунунии Афғонистон, ки боиси вайронӣ ва эҷоди тарсу ваҳшат дар миёни мардум шудааст, истифода кунанд. Ҳамлаҳои террористии ахир дар Кундуз ва Қандаҳор нигаронкунанда буда, ҳамзамон нишондиҳандаи идомаи таҳдидҳои террористӣ ба Афғонистон ва ҳамсоягони он мебошад.
Дар чунин шароити душвор танҳо роҳи ҳалли мушкил канор гузоштани ихтилофот ва ташкили ҳукумати воқеан фарогир бо ширкати ҳама гурӯҳҳои қавмӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ мебошад. Ин ҳадаф танҳо аз роҳи музокироти байни афғонистониҳо ва парҳези хориҷиён аз мудохила дар корҳои дохилии ин кишвар имконпазир аст.
Бояд гуфт, ки иҷлоси нахустини вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон 9 сентябри соли ҷорӣ ба сурати маҷозӣ ва бо мизбонии Покистон баргузор шуда буд.
*- гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия