ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон ва Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, зимни дидор ду вазир дар бораи охирин таҳаввулоти равобити ду кишвар, хусусан дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин дар ин дидор ба дидгоҳи Эрон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузур ва ширкати тамоми қавмҳои Афғонистон таъкид карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки ин дидор битавонад дар таҳқиқи хосту иродаи мардуми Афғонистон гоми муассире бардошта, ба субот, оромиш ва тавсеаи ин кишвар кумак кунад.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз даъват барои ҳузур дар нишасти ҳамсоягони Афғонистон, ибрози хурсандӣ аз ҳузур раисҷумҳури кишвари Эрон ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳаш дар иҷлоси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон зарурати иҷроӣ кардани тавофуқоти руасои ҷумҳурии ду кишвар дар хилоли дидор дар Тоҷикистонро мавриди таъкид қарор дод ва сипари шудани 30 сол аз равобити ду кишварро ҳоизи аҳамият зикр кард.
Ёдрас менамоем, ки дар Теҳрон рӯзи 27-уми октябр дувумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор мешавад.