Рӯзи 27-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?
Соли 1492 Христофор Колумб Кубаро кашф намуд.
Соли 1858 дар Ню-Йорк калонтарин маркази савдо дар дунё - "Мэйси" дар масоҳати 20,3 гектар мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 1867 нависанда Лев Толстой романи "Ҷанг ва сулҳ"-ро ба итмом расонд.
Соли 1951 нахустин маротиба дар ҷаҳон зимни табобати бемории саратон аз радиатсия истифода карда шуд.
Соли 1982 Чин эълон кард, ки шумораи аҳолияш ба 1 млрд. нафар расид.
Рӯзи 27-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?
Соли 2012 - ифтитоҳи нақби мошингарди "Шаҳристон".
Соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр
Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.
Дар Алҷазоир — Рӯзи ниҳолшинонӣ.
Дар Туркманистон — Рӯзи истиқлол.
Рӯзи 27-уми октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?
Соли 1939 – доктори илмҳои физика ва математика, профессор Исмоилҷон Исмоилов.
Соли 1964 – раққоса Хайриниссо Файзуллоева.
Соли 1965 – олими тибб Акбар Зарифов.