"Зан инсон аст" - шиори эътирозии занони Афғонистон дар Кобул

Чанде аз занони Афғонистон алайҳи табъиз дар Кобул даст ба эътироз заданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар шаҳри Кобул занони Афғонистон алайҳи табъиз дар ҷомеа эътироз намуданд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ин манбаъ меафзояд, занон бо шиорҳои "Зан инсон аст!", "Мо гуруснаем!", "Сукути СММ шармандагист!" дар эътироз алайҳи сиёсати толибон дар маркази ин кишвар таҷаммуъ карданд.
Гуфта мешавад, пас аз анҷоми муҳлати муқараршуда намояндагони "Толибон"* зуд занони эътирозгаро пароканда намуданд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
СММ: Барои дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон хоҳем монд
Эътирози занони Афғонистон бори нахуст набуда, пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* чанд бор онҳо барои масдуд шудани макотиби духтарона ва манъи фаъолияти занон норизогии худро баён намудаанд.
Дар ин робита раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони чандин кишварҳо ҳам аз ҳукумати "Толибон"* талаб намудаанд, ки ҳукумати фарогир таъсис диҳанд ва ба нақзи ҳуқуқу озодиҳои занон даст назананд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия