Варзишкори 180 - килоӣ бо як шаппотӣ аз пой афтод - видео

Варзишкори бразилиягӣ рақиби лаҳистониашро шаппотӣ зад. У афтид, вале боз бархоста бо дасти чапаш зарбаи ҷавобӣ зад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Муборизи ҳунарҳои омехта, варзишкори бразилиягӣ Вагнер Мартинс, ки бо номи Зулузино маъруф аст, дар мусобиқаи Punchdown slap дар Лаҳистон шикаст хурд.
Навори набард бо варзишгари лаҳистониро ӯ дар саҳифааш дар Instagram нашр кардааст.
Аз навор дида мешавад, ки аввал варзишкори бразилягӣ Карол Филасинскиро шаппотӣ зад. У афтид, аммо дубора бархосту бо дасти чапаш Зулузиноро мушт кард.
Мартинес ларзид ва ай пой афтод. Бо вуҷуди ёрию кумаки кормандон ӯ дар вақти муқарраршуда аз ҷо бархоста натавонист.
"Windows корро аз сар оғоз кард ва экран кабуд дод", - чунин Зулузино шикасти худро шарҳ додааст.
Зулузино муборизи машҳури MMA дар Бразилия мебошад, ки қаблан дар созмони Pride фаъолият кардааст.
Бо қомати 201 сантиметрӣ вазни ӯ ба 180 килограмм мерасад.
Соли 2005 ӯ бо Фёдор Емеляненко қувваозмоӣ карда ва варзишкори рус дар тӯли 26 сония ӯро аз пой афтонда буд.