СММ: То миёнаи аср Осиё 40 дарсади пиряхҳояшро аз даст медиҳад

Коршиносони СММ бар ин боваранд, ки ин раванд метавонад бевосита ба зиндагии 750 миллион нафар таъсир расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Осиё то соли 2050 метавонад аз 20 то 40 дарсади пиряхҳои кӯҳиашро бар асари гармшавии иқлим аз даст диҳад ва ин бевосита ба ҳаёти тақрибан 750 миллион нафар таъсир хоҳад расонд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Бинобар иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ дар гузориши ахири Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO), ки дар ҳамкорӣ бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ омода гаштааст, оварда шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон, соли 2020 гармтарин сол дар Осиё дар тамоми давраи мушоҳидаҳои мунтазами обу ҳаво ва иқлим будааст. Ҳарорати миёна дар он сол нисбат ба солҳои 1981-2010 1,39 дараҷа бештар буд.
Раҳмон дар бораи таҳдиди обшавии пиряхҳои Помир: навор
Дар гузориш омадааст, "обшавии пиряхҳо суръат гирифта ва пешбинӣ мешавад, ки то соли 2050 аз 20 то 40 дарсад коҳиш меёбанд, ки ин ба зиндагии тақрибан 750 миллион нафар дар минтақа таъсир мерасонад."
Ин ниҳоди байналмилалӣ ёдовар шуд, ки майдони пиряхҳо дар Осиё тақрибан 100 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Пиряхҳо 10 дарёи бузурги Осиёро таъмин мекунанд.
Ҳарорат дар болои уқёнусҳои Ором, Ҳинд ва Арктика дар соли 2020 ҳама вақт баланд буд. Дар минтақаҳои баҳрии Осиё ва атрофи он харорати об назар ба дараҷаи миёнаи руи замин баландтар мешавад.
Обшавии ях боиси болоравии ҳарорат дар уқёнусҳо мегардад. Дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва шимолу ғарби уқёнуси Ором сатҳи об дар як сол 3,3 ммм боло меравад.
Барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 25 миллион сомонӣ ҷудо шуд
Тибқи иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, хатарҳои обу ҳаво ва иқлим, бахусус обхезӣ, тӯфон ва хушксолӣ ба бисёре аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба кишоварзон ва амнияти озуқаворӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Ин ниҳоди байналмилалӣ қайд кардааст, ки афзоиши шумори муҳоҷирон ва паноҳандагон дар Осиё хатарҳо ба саломатии инсон ва тахриби муҳити зисти онҳоро зиёд мекунад.
Тибқи гузориш, дар соли 2020 обхезӣ ва тӯфон дар Осиё ба 50 миллион нафар осеб расонидааст.
Офатҳои табиӣ ҷони беш аз 5 ҳазор нафарро гирифтаанд.