Русия интизори афзоиши рекордии муҳоҷирон дар соли 2021

Теъдоди коргарони хориҷӣ дар Русия дар соли 2021 метавонад 398 ҳазор нафар афзоиш ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Пешгӯии ҳукумати Русия дар бораи коэффисиенти афзоиши муҳоҷират дар соли 2021 тақрибан ду баробар - аз 14,3 то 27,3 афзоиш ёфтааст, менависад рӯзномаи "Известия".
Тибқи ҳисобҳои нашрия, бино ба маълумоти дар "Нақшаи ягонаи расидан ба ҳадафҳои рушди миллии Русия то соли 2024" ва дар давраи то соли 2030, теъдоди коргарони хориҷӣ дар кишвар метавонад 398 ҳазор нафар афзоиш ёбад.
Сабаби асосии нарм шудани сиёсати муҳоҷирати Русия ошкор карда шуд
Ин баландтарин нишондод дар чоряки аср аст. Бори охир афзоиши муҳоҷират дар соли 1996 ба қайд гирифта шуд. Он замон ин нишондод аз 400 ҳазор нафар гузашт.
Гуфта мешавад, ки пешгӯӣ барои се соли оянда дигар хоҳад буд. Дар соли 2022 афзоиши муҳоҷират ба 212 ҳазор ва дар солҳои 2023-2024 ба 235 ҳазор нафар хоҳад расид.
Дар Санкт-Петербург барои муҳоҷирон 40 нуқтаи ваксиназанӣ бар зидди COVID-19 фаъол аст
Кишварҳои пешсаф дар соли 2021 аз ҷиҳати муҳоҷират дар Русия Тоҷикистон (38 ҳазор), Украина (26 ҳазор) ва Армения (20 ҳазор) номбар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шумораи аҳолии Русия то соли 2025 беш аз 1,6 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт.