ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Русия тақрибан 60 ҳазор кӯдак ба вируси COVID-19 мубтало шудааст, изҳор дошт вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко.
Ба гуфтаи вазир, дар нисфи кӯдакон ин беморӣ бо нишонаҳои шадид ҷараён дорад.
"Дар кишвар қариб 60 ҳазор кӯдаки гирифтори коронавирусро кормандони тиб табобат мекунанд", - гуфт ӯ дар ҷаласаи раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо паҳншавии коронавируси вобаста ба ҳукумат.
Қаблан сардори раёсат қайд карда буд, ки мизони гирифторӣ ба вируси корона дар кӯдакон нисбат ба соли гузашта "якчанд баробар афзоиш ёфтааст".
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар миёни ҳамаи гирифторони ин беморӣ 12-13 дарсадро кӯдакони аз 6 то 17-сола ташкил медиҳанд.
Дар маҷмуъ 1 миллиону 335 миллион нафар беморои гирифтори COVID-19 таҳти назорати табибон қарор доранд. Мурашко афзуд, ки ин теъдод назар ба авҷи мавсими гузашта бештар аст.