Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ба Маскав меояд

Намояндаи навтаъйини махсуси ИМА дар Афғонистон омода аст ба Русия ояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Мулоқот бо фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Томас Уэст мумкин аст моҳи ноябр дар Маскав баргузор шавад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия, сардори раёсати дуюми Осиёии Вазорати умури хориҷии Русия Замир Кабулов хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Кобулов, Уэст омода аст ба Русия ояд, аммо имкон дорад ин мулоқот дар Исломобод низ баргузор шавад.
"Ман ба ӯ пешниҳод кардам, ки агар хоҳед, ба Маскав биёед ва мо метавонем дар як формати дуҷониба суҳбат кунем. Аммо ҳоло, азбаски сухан дар бораи нишасти сегонаи васеъ дар Исломобод меравад, шояд дар онҷо фавран мулоқот кардан мантиқӣ бошад", - гуфт Кабулов.
Қобили зикр аст, ки ба қарибӣ Покистон пешниҳод карда буд, ки нишасти "сегонаи васеъ" оид ба Афғонистон дар нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор шавад.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки намояндаи тозатаъини Амрико дар умури Афғонистон Томас Уэст хостори беҳбуди равобит бо Маскав шудааст.
Томас Уэст рӯзи 19 октябр ба курсии намояндаи вижаи Амрико нишаст, ки қаблан ин вазифаро Залмай Халилзод ба зима дошт.
Халилзод, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон истеъфо дод
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн бо хуруҷи нирӯҳои Амрико шиддат гирифт ва дар 15 август, "Толибон"* ҳукумати қаблиро суқут доданд
Ҳафати аввали моҳи сентябр онҳо кобинаи худро эълон карданд, ки бинобар ҳамашумул набуданаш мавриди бархӯрди шадид дар худи Афғонистон ва берун аз он қарор гирифт
Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон"* қудратро дар даст дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар