ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Маскав ҳеҷ гуна локдаун нест ва ба нақша гирифта нашудааст, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Мехоҳам ба таваҷҷуҳи шумо бирасонам, ки дар Маскав ҳеҷ гуна локдаун вуҷуд надорад ва ба нақша гирифта нашудааст", - гуфт Песков.
Қаблан Ҳукумати Русия пешниҳод карда буд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз вахим шудани вазъи эпидемиологӣ аз 30 октябр то 7 ноябр, бо нигоҳ доштани маош рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шавад.
Ин ташаббусро президенти Русия Владимир Путин дастгирӣ кард.
Кишвардори Русия аз шаҳрвандон даъват кард, ки дигаронро зери хатар нагузоранд ва дар сурати бад шудани вазъи саломатӣ рухсатӣ ба далели беморӣ гиранд.
Ҳамчунин раҳбари Русия таъкид кард, ки дар сурати зарурат рӯзҳои ғайрикорӣ пас аз 7 ноябр тамдид мешавад.
Баъдтар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин эълон кард, ки рӯзҳои таътил дар Маскав аз 28 октябр оғоз мегарданд.