Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ҳашиш - Видео

Раёсати ВКД Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Аз ӯ 9 кило ҳашиши афғонӣ дарёфт кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар вилояти Бодканд як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши фурӯши маводи мухаддир боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ.

"Дар ҳудуди деҳаи Ҷаштиқ, дар шоҳроҳи ҳаммарз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкили интиқол ва фурӯши маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон дастгир карда шуд", - хабар медиҳад ВКД.

Бино ба гузориши манбаъ, зимни кофтуков аз ин мард чанд борхалта бо вазни умумии 9 кило бо лентаи часпак печонидашуда дарёфт карда шуд, ки бӯи хоси ҳашиш дошт.
Тибқи хулосаи экспертизаи судии кимиёӣ, маводи мусодирашуда ҳашиши тавлиди Афғонистон мебошад.
Боздошти роҳбарони Хадамоти марзбонии Қирғизистон: аз ронандагон пора мегирифтанд - видео
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 267-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон, "Таҳияи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва амсоли онҳо бо мақсади фурӯш", парванда боз шудааст.
Манбаъ афзуда, ки гумонбаршуда дар боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи корҳои дохилии вилояти Лайлак аст ва тафтиши пешакӣ идома дорад.