ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз санаи 20 октябри соли равон ба тасвиб расидааст ба “Ширкати машваратӣ аудитории Ориён” то 27 январи соли 2025 Иҷозатнома дода шуд.
Масъулини Бонки миллӣ қайд кардаанд, ки мутобиқи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бинобар сабаби тағйир ёфтани номи ҶДММ “Ориён Аудит С” ҶДММ “Ширкати машваратӣ аудитории Ориён”, ба ҶДММ “Ширкати машваратӣ аудитории Ориён” барои амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ, Иҷозатнома дода шуд.
Инчунин манбаъ зикр кардааст, ки масъулини Бонки миллӣ Идораи назорати суғуртавиро уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир, дар бозори Тоҷикистон 8 ширкати аудиторӣ аз қабили ширкатҳои “РСМ Тоҷикистон”, “Моор Стивенс”, “Ориён Аудит С”, “Бейкер тилли Тоҷикистон”, “ПКФ Тоҷикистон”, “Делойт ва Туш”, “БДО” ва “Кроу Хорват-ЭЙСИҶИ” фаъолият доранд.