ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Маскав ва вилояти Маскав се ҳолати сироятёбӣ бо навъи нави "делта", вируси AY.4.2 ошкор шуд. Дар ин бора раиси "Роспотребнадзор" Анна Попова ба "Шабакаи аввал" хабар дод.
"Мо ҳолатҳои гирифторӣ ба навъи ҷадидро дар Маскав ва вилояти Маскав ошкор кардем. Ҳамагӣ се ҳолат аст ва вазъи беморонро дақиқан назорат мекунем", - афзуд Попова.
Ӯ таъкид кард, ҳамон шакли коронавирусе, ки ҳоло дар Британияи Кабир паҳн мешавад, дар Русия низ ошкор шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шакли AY.4.2 бори аввал дар Британияи Кабир кашф шудааст. Ба гуфтаи мутахассисони бритониёӣ, ин яке аз 45 зернамуди штамми "делта" мебошад.
Олимон пешниҳод карданд, ки ин навъи вирус метавонад аз навъҳои қаблӣ то 10-15 дарсад зудтар паҳн шавад.
Дар Русия бори нахуст ин навъи коронавирус рӯзи 21-уми октябр ошкор шуд. Он ҳамчунин дар Амрико ва Исроил низ доман задааст.
Феълан таҳқиқи ин шакли нави коронавирус идома дорад.