Хонандагони тоҷик ба таътили тирамоҳӣ мераванд, аммо омӯзгорон кор мекунанд

Омӯзгорон ба корҳои методӣ, гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон хонандагони макотиб ба таътили даҳрӯза мераванд, хабар медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз 1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар таътили тирамоҳӣ оғоз мешавад, ки то 10 ноябр идома мекунад.
"Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ тартиб дода шудааст.
Дар ин давра даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фармони Собянин дар бораи таътили тирамоҳӣ дар Маскав: рӯйхати маҳдудиятҳо
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, ҷалб намояд.
Бо қарори Вазорати маориф, хонандагони мактабҳо чор таътил доранд, ки аз таътили тирамоҳӣ - аз 1 то 10 ноябр, зимистона - аз 1 то 10 январ, баҳорӣ - аз 26 то 31 март ва тобистонӣ - аз анҷоми таҳсил то 31 август иборат аст.