ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳамсари Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан Бодиламоҳ Забирова даргузашт. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон худи ҳунарманд хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, Забирова 73-сола буд ва аз ҳич беморие ранҷ намекашид.
"Аз саломатиашон шикоят надоштанд. Субҳ аҳволашон хуб буд, ҳамроҳ чой нӯшидем ва ман аз паси корҳоям рафтам. Пас аз ним соат аз хона занг заданд, ки фишорашон баланд шудааст", - нақл мекунад ҳунарманд.
Вай меафзояд, дарҳол ба хона баргашта, табибонро даъват кардааст, аммо ҳамсараш "аллакай бандагиро ба ҷо оварда буданд".
Ҷанозаи марҳум фардо, соати 10 дар деҳаи Балхи ноҳияи Сино баргузор мешавад.
Бодиламоҳ Забирова то синни нафақа чун китобшинос фаъолияти густурдае доштааст.
Файзалӣ Ҳасан, овозхон, оҳангсоз ва Ҳофизи мардумии Тоҷикистон аст. Ӯ 73 сол дорад ва ҳамчун давомдиҳандандаи сабки Одина Ҳошим, яке аз ҳунармандони номии тоҷик машҳур аст.
Аввалин суруди хешро ӯ дар соли 1970, бахшида ба 100-солагии В. И. Ленин таҳти унвони "Суруди комсомол" эҷод намудааст. Соли 1972 суруди "Савганд"-ро эҷод мекунад.
Ф. Ҳасанов ҳамчун фалакхони сабки роғӣ маъруф аст.