Аз худкушӣ то қаллобию авбошӣ: дар Бӯстон чӣ гуна ҷиноёт содир кардаанд

Маълум шуд, дар минотиқи атрофи шаҳри Бӯстон дар 9 моҳи сипаришуда чӣ қадар ҷиноёт содир шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар 9 моҳи гузашта дар шаҳри Бӯстон ва манотиқи атрофи он 7 ҷиноят содир шудааст, хабар медиҳад ВКД бо такя ба ҳисоботи нозири минтақаии милитсия Исматилло Нарзиев.

Ба иттилои Нарзиев, дар ин муддат, се мавриди қаллобӣ, ду ҷинояти дуздӣ, як авбошӣ ва як мавриди ба худкушӣ расонидан ба қайд гирифта шуда, 94 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шудааст.

Дар ҳисоботи худ нозири минтақавӣ дар бораи вазъи ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирӣ аз муноқишаҳои оилавӣ ва дигар ҳолатҳои ба содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ мусоидаткунанда иттилоъ додааст.
Таъкид гардидааст, ки шаҳри Бӯстон 36 ҳазору 700 нафар аҳолӣ дошта, 7 нозири минтақаӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон вобаста гардидаанд.
Дар Суғд милисаҳо амалиёти Маданияти шаҳрдорӣ мегузаронанд
Вохӯриҳои ҳисоботӣ дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрванди ба ислоҳоти милитсия бо аҳолии минтақаҳои маъмурӣ гузаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии ин гуна чорабиниҳо ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ мебошад.
Ин вохӯрӣ дар гимназияи №2-юми шаҳри шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дар он намояндагони 8 гузару маҳаллаи минтақаи Ғалаба, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хисрав, Айнӣ, Урмон Бобоев, Сотим Улуғзода, Ҳувайдуллоев ва Хуҷандӣ аз ҳолати воқеии криминогении маҳалли зист дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ огаҳӣ ёфтанд.