Коршинос: Эҳтимол рӯзҳои ғайрикорӣ дар Русия тамдид шаванд

Барои то ҳадде коҳиш додани сатҳи гирифторӣ ба коронавирус лоақал ду ҳафта лозим аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Рӯзҳои ғайрикорӣ дар Русия бинобар вазъи коронавирус эҳтимол тамдид шаванд, изҳор дошт Андрей Исаев, мудири Маркази илмии тадқиқотии молекулавии генетикӣ.
Ба таъкиди ӯ, барои пурра мубориза бурдан бо коронавирус тамосҳо бояд ҳадди аққал ду ҳафта қатъ шаванд.

"Ҳукумат аз 30 октябр то 7 ноябр таътил эълон кард. Аммо эҳтимол аст, ки он тамдид шавад. Зеро давраи ҳадди ақал, ки пас аз он коҳиш ба мушоҳида мерасад, на камтар аз ду ҳафта аст", - афзудааст Исаев.

Коршинос инчунин қайд кард, ки ҳоло ҳукумат барои баланд бардоштани фарогирии ваксина бар зидди ковид ҳама чораҳои заруриро меандешад.
"Дар кишварҳои Аврупо, 80 дарсади аҳолӣ алайҳи коронавирус ваксин гирифтанд, ҳоло наврасон ҳам гирифта истодаанд. То замоне ки Русия дар ин масъала ба сатҳи Аврупо нарасад, вазъият ҳамоно вазнин боқӣ хоҳад монд", - илова намуд ӯ.
Путин ҳафтаи аввали ноябрро таътил эълон кард
Қаблан президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки тибқи он, бинобар вазъи номусоиди эпидемиологӣ аз 30 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд.
Дар баробари ин чораҳои маҳдудкунанда метавонанд дар минтақаҳои гуногуни Русия фарқ кунанд.
Дар Маскаву ва вилояти ҳамноми он бинобар вазъи коронавирус аз 28 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд.