ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Интихоботи президентии Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф шуд, зеро то нисфирӯзи 24 октбяр аллакай 33 дарсади интихобкунандагон дар ин маърака иштирок карданд.
Баҳром Қучқоров, муовини раиси КМИӮ ба хабаргузории Sputnik Ӯзбекистон изҳор дошт, ки интихобот аллакай баргузоршуда ҳисобида мешавад.
"Мувофиқи системаи электронӣ, ки иштироки овоздиҳандагонро сабт мекунад, соати 6:00 6 669 552 интихобкунанда ба участкаҳои интихоботӣ омаданд, ки 33,6%-и рӯйхати умумиро ташкил медиҳанд", - гуфт Кучкаров.
Тибқи қонунгузории Ӯзбекистон, бо иштироки 33 дарсади раъйдиҳандагон интихобот баргузоршуда эътироф мешавад.
Бинобар иттилои КМИ, дар Ӯзбекистон 10 760 ҳавзаи интихоботӣ аъсис дода шудааст. Илова бар ин дар 49 кишвари хориҷӣ 55 қитъаи овоздиҳӣ созмон дода шудааст. Фаъолияти ҳамаи ҳавза ва қитъаҳои овоздиҳӣ соати 20:00 анҷом меёбад ва субҳи рӯзи дигар натиҷаҳои интихобот эълон хоҳанд шуд.