Шералӣ Мирзо машқҳои дуҷониба бо Русияро арзёбӣ кард

Манёврҳои низомиёни Тоҷикистону Русия дар машқгоҳи "Момирак", дар 15-20-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон сурат гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба ҳамкориҳои низомиёни Тоҷикистон ва Русия дар ҷараёни тамринҳои дуҷониба баҳои мусбат дод. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба сардори маркази матбуотии Вазорати дифои ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки машқҳои низомӣ дар тамрингоҳи Момирак, дар масофаи 15-20 километр дур аз марзи Тоҷикистону Афғонистон сурат гирифтанд.
Вазир "ба ҳамкории воҳидҳо дар иҷрои миссияҳои ҷангӣ, ки барои қобилияти мудофиавии давлатҳо заруранд, баҳои хуб дод".
"Дар суханронии худ раҳбари Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки воҳидҳои низомӣ дар робита ба ҳаводиси Афғонистон ва вазъи ноором дар минтақа бояд дар ҳолати омодабош қарор гиранд", - гуфт Маҳмадализода.
Ба гуфтаи раҳбари маркази матбуотӣ, рафти машқҳои Тоҷикистону Русияро котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва раҳбари Ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров мушоҳида кардаанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Шералӣ Мирзо дар бораи "Толибон"* ва вазъи Афғонистон тунд гуфт
Бино ба иттилои Вазорати дифоъ, машқҳои дуҷонибаи ҳайати низомии Тоҷикистону Русия, ки дар он ҳазор нафар ширкат карданд, бо истифода аз техникаи низомӣ, тонк, тӯпхона ва навъҳои гуногуни аслиҳаи муосир баргузор шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тактикаи шикасти дастаҳои шартии мухолифро дар машқгоҳи Момирак тамрин карданд.
Низомиёни Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалҳои муштаракро барои рафъи ҳамлаи террористӣ анҷом медиҳанд. Дар маҷмуъ ба ин размоиш 4 ҳазор нафар бо беш аз 500 адад таҷҳизот ҷалб шудааст.