Шералӣ Мирзо Афғонистонро макони терроризми байналмилалӣ номид

Сардори Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ки ҷумҳурӣ бинобар марзи муштараки тӯлонӣ бо Афғонистон, аз хама бештар он чиро, ки дар ин мамлакат руй дода истодааст, хис мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон ба амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад, гуфт вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар маросими пӯшидашавии машқҳои низомӣ.
Ёдовар мешавем, ки машқҳои низомии нерӯҳои СПАД дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон воқеъ дар 20-километрии марз бо Афғонистон баргузор шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ин бори аввал аст, ки машқҳо дар чунин формат баргузор мешаванд.
"Вазъият дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ба далели идомаи нооромӣ дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон, муддати тӯлонӣ хеле печида ва пешгӯинашаванда боқӣ монда, бо як қатор хатарҳои марбут ба зуҳури терроризми байналмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавсиф мешуд", - гуфт вазири дифоъ.
Ба гуфтаи ӯ, рӯйдодҳои моҳҳои ахир вобаста ба хуруҷи нерӯҳои эътилоф ва мустақилона назоратро дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ карда натавонистани нерӯҳои ҳукуматӣ, ба афзоиши фаъолиятҳои террористӣ мусоидат намуда, боиси таназзули куллии вазъи сиёсии кишвар гардид.
Вазъияти фалокатовар дар Афғонистон, мавҷуд набудани ҳукумати қонунӣ, мунтазам поймол шудани ҳуқуқи инсон тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Вазири дифоъ афзуд, ки ҳамаи ин Афғонистонро ба остонаи фалокати башарӣ овард ва ба макони терроризми байналмилали табдил ёфтани он, ки ба амнияту суботи минтақа хатари ҷиддӣ дорад, мусоидат мекунад.
Барои дифоъ омодаанд: машқҳои СААД дар марзи Афғонистон - видео
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки аксари он кӯҳистон аст ва назораташ душвор аст, пеш аз ҳама ҳодисаҳои дар ин кишвар рухдода зарар мебинанд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки аксари он кӯҳистон буда, назораташ душвор аст ва пеш аз ҳама таҳсири ҳодисаҳои дар ин кишвар рухдодаро ҳис мекунад.