ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Хабаргузории миллии Бахтар ахиран дар истинод ба сухангӯи вазорати корҳои дохилии “Толибон”* Қорӣ Саид Хостӣ хабар дод, ки се нафар, ки дар дар вайрон кардани пояҳои интиқоли барқ дар як наздикии Кобул гумонбар дониста мешаванд, боздошт шуданд.
"Вазорати корҳои дохилӣ се нафарро бо гумони даст доштан дар таркиши сутунҳои барқӣ дар минтақаи Қалъаи Муродбеги Кобул боздошт кард",-иттилоъ додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар шаби панҷшанбе ба ҷумъа инфиҷор боиси тахриби пояҳои хути интиқоли нерӯи барқ дарназдикии Кобул шуда буданд.
То ба ҳол, пойтахти Афғонистон ва чанд вилояти дигар бе барқ мондаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ширкати миллии энержии “Брешно” ахиран гуфт, ки таъмири сутунҳои харобшуда идома дорад.
Раиси ин ширкат ҳамчунин аз мақомоти нави Афғонистон хостааст, ки амнияти иншооти барқро таъмин кунанд.
Қобили зикр аст, ки Афғонистон аз воридоти нерӯи барқ аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон вобастагӣ дорад.
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн бо хуруҷи нирӯҳои Амрико шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, “Толибон”* ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Ҳамзамон, ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Миёнаро надоранд.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар пас аз ворид шудани “Толибон”* ба пойтахт аз мақомаш истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
* - созмони террористие, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст