ДУШАНБЕ, 22 окт— Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати Маҷлиси ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо (комиссияҳо)-и мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои узви СААД мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон.
Зокирзода гуфт, иштироки ҳайати кишварҳои узви СААД ҳамчун нозир дар машқҳои муштараки "Ҳамкорӣ-2021" намунаи рӯшани мониторинги вазъи низомӣ-сиёсии минтақа мебошад, ки барои таъмини амнияти кишварҳои узви созмон аст.
"Ҳадафи аслии тамринҳо нишон додани омодагии нерӯҳои СААД барои вокуниш ба таҳдидҳои нав ба нави амниятӣ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мебошад", - гуфт ӯ.
Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилоти асосии амният дар минтақа табдил ёфтааст. Ӯ бовар дорад, ки вазъи ин кишвар бевосита ба амнияти Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
"Афзоиши минбаъдаи ташаннуҷ дар Афғонистон метавонад боиси мушкилоти нав дар минтақаи масъулияти СААД гардад. Мо бояд кӯшишҳои худро то ҳадди имкон ба эҷоди як камарбанди боэътимоди амниятӣ дар атрофи Афғонистон, дар минтақаи масъулияти СААД равона кунем", - даъват кард Зокирзода аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои СААД.
Зокирзода ҳамчунин гуфт, рушди вазъ дар Афғонистон ба зарурати фаврии муттаҳид кардани талошҳои кишварҳои узви СААД дар муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави ин кишвар сар мезананд, таъкид мекунад.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ муташанниҷ шуд. Миёнаҳои моҳи август, дар давраи берун кардани пойгоҳи низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* шаҳри Кобулро ишғол ва ҳукуматро ғасб карданд.
Дар ин зимн дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки ба он вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард. Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва аз ин кишвар фирор кард.
* - созмони террористии фаъолияташон дар Русия ва дигар кишварҳо мамнуъ