ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, ноиби собиқ ва президенти худхондаи Афғонистон дар саҳифаи "Твиттер"-аш дар посух ба сафари мақомоти Покистон ба Кобул навиштааст, ки афзоши фақру сукути иқтисод натиҷаи дую ним моҳи фаъолияти "Толибон"* будааст.
"Натиҷаи дуву ним моҳи ишғоли Афғонистон тавассути Покистон, афзоиши 90 дарсади фақр, коҳиши 30 дарсади тавлиди нохолиси миллӣ, бардадории занон зери номи шариат, маҳдудияти расонаҳо ва озодии баён, басташавии бонкҳо ва хуруҷи табақаи мутавассити ҷомеа аз кишвар будааст", - навиштааст Солеҳ.
Ҷаноби Солеҳ афзудааст: "Афғонистон барои фурӯ бурдан ба Покистон хеле бузург аст. Барои хотима додан ба ишғол ва ҳифзи шаъну шарафи мо танҳо вақт лозим аст".
Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон дирӯз бо як сафари расмӣ бо дигар мақомоти амниятии Покистон вориди Кобул шуд.
Зимни мулоқот Курайшӣ ба Девони Вазирони гурӯҳи “Толибон”* ваъда дод, ки Покистон зимнаи кумаки ҳудуди 30-миллиондоллариро фароҳам ва молиёти содироти меваи тозаву хушкро низ маоф мекунад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон