ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Федератсияи муҳоҷирони Русия қоидаҳои нави пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патентро мушаххас кард, хабар медиҳад маркази матбуотии ин раёсат.
Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфт, барои дарёфти патент шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳр ва вилояти Маскав ба сар мебаранд, тағйироти хурдеро мутаҳаммил мешаванд.
Ҳамин тариқ аз 1 ноябри соли 2021 пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои ба даст овардани патент танҳо дар Маркази муҳоҷират дар Сахарово, дар суроғаи Варшавское шоссе, километри 64-ум ба роҳ монда мешавад.
Маркази дувуми муҳоҷират, ки дар Красногорски вилояти Маскав, дар суроғаи Путилковское шоссе, дар 69-умин километри Роҳи ҳалқаии Маскав, наздикии маркази тиҷоратии "Гринвуд" воқеъ аст, баста мешавад.
"Агар шумо то 1 ноябри соли 2021 ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патентро дар маркази муҳоҷират дар "Гринвуд" супорида бошед, бояд патентро низ аз он ҷо гиред", - гуфт Коженов.
Федератсияи муҳоҷирони Русия хотиррасон кард, ки дар ҳоли вуҷуди суол метавон бо телефонҳои 8 963 997-42-10 ва 8 926 130-75-00 тамос гирифт. Илова бар ин бо суроғаи info@fmr-online.ru паёмҳои электронӣ қабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия низ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш карда буд, ки пас аз навовариҳо эҳтиёткор бошанд.