ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе аз масдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар масири марказии пойтахт хабар медиҳад.
Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ давоми як соат ба далели гузаронидани веломарафони ҷамъӣ ба хотири 30-солагии истиқлоли Тоҷикистн қатъ мешавад.
"23 октябр, аз соати 9:00 то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз назди МД "Наврӯзгоҳ", тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то гулгашти Карамов (гардиши Товус) қатъ мегардад", - омадааст дар эълони шаҳрдорӣ.
Мақомоти шаҳри Душанбе аз ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардаанд, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафати кӯчаи Ҳ. Шерозӣ истифода кунанд.
Ҳамчунин мақомот ронандагонро ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даъват намудаанд.