ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханронӣ дар бошгоҳи байналмилалии мубоҳисавии “Валдай” таъкид кард, ки бо Эрдуғон розӣ нест ва ҷонибдори ҳифзи ҳуқуқи ветои аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ аст.
Раҳбари Русия тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир барои ислоҳи СММ роҳҳои зиёде мавҷуданд.
"Агар мо ҳуқуқи ветои аъзои доими СММ-ро аз байн барем, ин созмони байналмилалӣ худи ҳамон рӯз мемирад",- гуфт роҳбари давлати Русия.
Путин бо шухӣ гуфт, ки дар ин сурат СММ ба "Лигаи миллатҳо”, майдони мубоҳисавии бошгоҳи “Валдай”-2" табдил хоҳад ёфт.
Роҳбари Русия инчунин қайд кард, ки набояд дар ислоҳоти СММ ба хато роҳ дод.