ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ ҳамроҳ бо намояндагони ХБА вобаста ба иқдоми минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати ба амал омадани хавфҳои эҳтимолии ғайричашмдошт, аз ҷумла хатарҳои монанд ба пандемияи COVID-19, таъмини устувории сиёсати пулию қарзӣ дар вазъияти афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ, барномаи кумакҳои техникӣ барои танзими самараноки бозори асъор ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва ХБА ибрози назар карданд.
“Пандемияи COVID-19 бори дигар собит сохт, ки хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон ҳамеша таҳдид менамоянд ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад дар муқобили он истодагарӣ намояд”, - қайд кард Ҳоким Холиқзода.
Инчунин раиси Бонки миллӣ илова кард, ки танҳо тадбирҳои саривақтӣ, нақшаи дақиқи коҳиши хатарҳо, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ метавонад пайомадҳои чунин хатарҳои эҳтимолиро коҳиш диҳад.
Дар робита ба ин роҳбари нави ҳайати ин созмони ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон Селим Элекдаг изҳор дошт, ХБА ҳамкориро дар соҳоти барои Тоҷикистон муҳим, ки дар таъмини суботи молии кишвар ва рушди иқтисод нақш дорад, идома хоҳад дод.
Манбаъ таъкид кард, ки раиси БМТ изҳори боварӣ намудааст, ҳамкориҳои минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ХБА ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ ва дар умум иқтисоди кишвар мусоидат хоҳанд кард.