Алек Болдуин зимни сабти филм тасвирбардорро паронд

Ҳангоми наворбардории филми "Зангбаста" ҳунарманд Алек Болдуин тасвирбардор ва коргардонро захмӣ кард. Наворбардор ба ҳалокат расид, коргардон аз беморхона мураххас шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ҳунарпешаи амрикоӣ Алек Болдуин ҳангоми сабти филми "Зангбаста" тасодуфан операторро кушт ва коргардонро захмӣ кард, хабар медиҳад РИА "Новости".
Таппончае, ки дар дасти ҳунарманд буд, бояд патронҳои холӣ бор карда мешуд. Аммо дар натиҷаи тирпаронӣ тир ё порае аз он ду нафарро захмӣ кард.
Тасвирбардор Галина Хатчинс, зодаи ИҶШС бо мошини ёрии таъҷилӣ бинобар ҷароҳати вазнин ба бемористон интиқол дода шуд. Табибон натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд.
Коргардони филм Ҷоэл Соуса аз ноҳияи устухони сутунмуҳрааш захмӣ шудааст. Ба гуфтаи ҳунарпеша Франсис Фишер, ки низ дар наворбардорӣ иштирок дорад, Суса аллакай аз беморхона мураххас шудааст.
Пас аз ин ҳодиса худи Алек Болдуин, ки шокӣ шуда буд, ба дафтари пулис ҳозир шуда, шаҳодат додааст. Пулис алайҳи ҳунарманд айб эълон намекунад.
Ҳамвандони Алек Болдуин дар "Twitte"r аллакай ба ӯ паёми соли 2017-ашро ёдрас кардаанд, ки дар он Болдуин навиштааст: "Ман ҳайронам, ки куштани беадолатона чӣ гуна аст"... Ин шарҳ баъди он навишта шуд, ки як афсари пулиси амрикоӣ як марди сиёҳпӯстро паронда кушта буд. "Бубахшед, тақдир қарор дод, ки шумо бояд инро фаҳмед", - навиштаанд онҳо.
Фоҷиаи монанд бо писари Брюс Ли Брэндон ҳангоми сабти филми "Зоғ" соли 1993 рӯй дода буд. Ҳунарманд тир хӯрду дар бемористон ҷон дод.