ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ метавонад дар соли 2027 оғоз шавад. Дар ин бора раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский дар пахши телевизионии "Россия 1" гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, машқҳои муштараки Украина ва НАТО аз омодагӣ ба муноқишаи мусаллаҳона шаҳодат медиҳанд.
Вай қайд кард, ки тадриҷан нерӯҳо ба марзҳои Русия оварда мешаванд ва "кумак" ба Киев раванди "захира кардан"-и силоҳро пинҳон мекунад.
Жириновский бесабаб соли 2027-ро соли оғози муноқишаи саросарӣ интихоб накардааст.
"Ман мехоҳам 80-умин зодрӯзамро оромона ҷашн гирам. Дар 2026 80-сола мешавам ва сипас марҳамат, то 85-солагии ман сар кунед", - гуфт ӯ.
Ӯ ишора кард, ки пештар "Украина он қадар силоҳ дошт, ки барои тамоми Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ кифоят мекард". Аммо баъдтар "ҳама чиз ғорат, фурӯхта ва нобуд шуд", - афзуд Жириновский.
Ба наздикӣ маълум шуд, ки машқҳои муштараки Украина ва НАТО метавонанд то охири соли 2021 баргузор шаванд. Маскав аз Киев ва Брюссел даъват кард, ки бинобар хатари афзоиши танишҳо дар Донбасс аз нақшаҳои шитобкорона даст кашанд.
Қаблан "Daily Express" кишварҳоеро номбар карда буд, ки дар ояндаи наздик байни онҳо эҳтимол аст, ҷанг сар занад. ИМА, Чин, Сурия, Яман, Эрон ва Исроил, Ҳинду Покистон дар зумраи ин кишварҳоянд.