ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон таъруфаҳои хидматрасонӣ барои ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ поён бурда мешавад, хабар медиҳад торномаи "Podrobno.uz".
Ҳамин тариқ таъруфаҳо ба ҳисоби миёна 15% арзон мешаванд.
"Коҳиш додани нарх ва пардохтҳо рақобатпазирии фурудгоҳҳои Ӯзбекистонро афзоиш медиҳад ва ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро бештар ҷалб мекунад", - омадааст дар изҳорот.
Нарх ва пардохтҳои ҷадид дар аввали зимистон, яъне аз 31 октябр иҷроӣ мешавад.
Намояндаи фурудгоҳ тавзеҳ дод, тағйири таъруфаҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ як қадами муҳимест, ки арзиши парвозҳоро коҳиш медиҳад ва барои арзон кардани нархи чиптаҳои ҳавопаймо барои мусофирон замина мегузорад.
Навоварии дигар фароҳам шудани шароит барои имзо шартнома дар миёни фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоӣ бидуни миёнарав хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол пештар хабар дода мешуд, ки аз нимаи моҳи октябр дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон таъминоти маводи сӯхт (керосин) барои ҳавопаймоҳо маҳдуд шудааст.
Дар натиҷа ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ маҷбуранд, барои гирифтани сӯзишворӣ ба фурудгоҳҳои кишварҳои сеюм раванд, ки ин амал масири парвозро ба таври назаррас тӯлонӣ мекунад ва ҳамчунин боиси болоравии арзиши билет мегардад.