ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон ба мувофиқа расиданд, ки дар моҳи ноябри соли 2021 бозии дӯстона баргузор кунанд, хабар медиҳад котиботи ФФТ.
Бозӣ 16 ноябр, соати 19:00, ба вақти маҳаллӣ (18:00 Душанбе) дар варзишгоҳи "Астана Арена"-и Нурсултон баргузор мешавад.
Тимҳои миллии ду кишвар дар тӯли таърихи истиқлоли худ бо ҳам чаҳор бозӣ анҷом додаанд.
Дидори қаблии яккачинҳо як бор мусовӣ ва се дафъа бо ғалабаи футболбозони Қазоқистон хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ тими миллии Тоҷикистон имкони "реванш"-ро дорад.
Бозии охирини дастаҳо 12 августи соли 2014 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато баргузор шуда буд, он гоҳ мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки қимати тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозори интиқол пештар портали машҳури варзишии Олмон "Transfermarkt.de" эълон карда буд.
Бар асоси он, тими миллии футболи Тоҷикистон 5,85 миллион евро арзёбӣ шуда буд ва қиматтарин бозигар нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев шинохта шуд.