Қирғизистон 40 мошини ҷангӣ харид

Дар маросими ба истифода додани мошинҳои ҷангӣ кишвардори Қирғизистон ҳадафи харидорӣ кардани ин теъдод мошинҳоро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Қирғизистон техникаи нави зиреҳпӯши низомиро харидорӣ намуд. Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон дар ин бора хабар дода, изҳор дошт, ки 40 адад мошини ҷангӣ харидорӣ шуд.
Дар маросими рӯнамоии мошинҳо Содир Ҷабборов ширкат намуда, ҳадафи харидории ин миқдор техникаи низомиро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, таҷҳизот барои тақвияти амнияти кишвар дар марз пешбинӣ шудааст. Ӯ илова намуд, ки Қирғизистон мошинҳои ҷангиро ба хотири омодагӣ ба низоъ нахаридааст.
Ҷабборов дар бораи таҳкими марз ва посухи ҷиддӣ: Мо ҳеҷ гоҳ низоъро шуруъ накардаем
Манбаъ меафзояд, ки қаблан Ҷабборов ба Хадамоти марзбонӣ супориши харидории техникаи низомӣ дода буд.
Дар идома Ҷабборов таъкид намуд, ки дар сарҳадоти Қирғизистон навсозии техникаи ҳарбиро пиёда мекунад. Ӯ ишора кард, ки дар сурати кӯшиши забти қаламрави Қирғизистон вокуниши ин кишвар шадид хоҳад буд.
"Агар сарҳад заиф шавад ва марзбонон дастгирии зарурии моддию техникӣ надошта бошанд, наметавон дар бораи субот дар кишвар сухан гуфт", - таъкид кардааст Ҷабборов.
Вай қайд кард, ки амнияти ҳар як давлат аз ҳифзи сарҳад оғоз мешавад.