Муроҷиати Хуросонӣ ба мардуми Панҷшер: "Мо бародарони шумо ва дар хидмататон ҳастем"

Омири амниятии гурӯҳии "Толибон"* аз мардуми Панҷшер даъват кардааст, ки ба манзилҳои худ баргарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Абдулҳамид Хуросонӣ бо нашри як навор аз сокинони Панҷшер даъват кардааст, ки ба хонаҳои худ баргарданд.
"Ҳеҷ муқовимат нест. Ба хонаҳои худ баргардед", - бо чунин суханон муроҷиат намудааст ӯ ба панҷшериҳо.
Дар наворе, ки "Aamaj News" нашр намудааст, Хуросонӣ ҳукумати феълии дар ин кишварро роҳбар ва бародарони муҷоҳиди Панҷшер арзёбӣ кард.
"Мо ҳамчун бародарон ва пешвоёни муҷоҳидини шумо дар хидмататон ҳастем", - изҳор доштааст ӯ.
Номбурда дар муроҷиати худ ба кулли сокинони Панҷшер ваъда додааст, ки ҳуқуқ ва амнияти онҳоро ҳифзу таъмин хоҳанд кард.
Даргирӣ миёни "Толибон"* ва Ҷабҳаи муқовимат дар Онобаи Панҷшер
Ӯ гуфт, "Аморати исломӣ (давлати худхондаи "Толибон"*) масъул аст, то ҳуқуқи шуморо ҳифз намояд".
Қаблан Абдулҳамид Хуросонӣ гуфта буд, ки дар Панҷшер афроди бегуноҳ боздошту шиканҷа мешаванд. Вале баъдан суханони ироакардаи худро рад намуда гуфт, ки дар он ҷо қатлу шиканҷа ҷой надорад ва дар саросари кишвар сулҳу қонунҳои исломӣ ҳукм фармост.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон