Ҳамлаи паланги гурусна ба деҳае дар Помир

Дар Ишкошим як даррандаи гурусна беш аз 40 сар чорвои хонагиро пора-пора кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон паланги гуруснае чорвои сокинони маҳаллиро нобуд ва захмӣ кардааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ҳодиса 20 октябр, тахминан соати 04:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар деҳаи Зонг рух додааст. Ҳайвони ваҳшӣ ба чорвоёни як сокини маҳаллӣ, ки дар оғилаш буданд, ҳамла кардааст.
"Паланг 31 сар чорвои хурди шохдорро нобуд карда, ҳамчунин 8 гӯсфанду ду говро захмӣ кард", - омадааст дар гузориш.
Дар пайи ин ҳодиса КҲФ тавсия додааст, чӣ гуна чорворо аз ҳамлаҳои паланг ва хирсҳо, ки бо фарорасии сардӣ хеле фаъол мешаванд, муҳофизат кардан мумкин аст. Чорворо бояд бонӣ кард, мегӯяд ин ниҳод.
Рӯ ба рӯ бо хирс: КҲФ гуфт, чӣ бояд кард
Ҳар гуна чарои чорво бояд танҳо дар вақти рӯз ва бо ҳамроҳии чӯпон сурат гирад. Шӯбон бояд таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ дошта бошад, то даррандаҳоро тарсонад.
Аз сокинони деҳаҳои кӯҳистонӣ даъват мешавад, ки чорвои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доранд. Ҳама фермаҳо, оғилҳо, говхонаҳо бояд девори баландии на камтар аз 2,5 метр дошта бошанд.
Сагҳои хонагӣ бояд барои посбонӣ бошанд ва барои бехатарии онҳо низ макони муносиб омода кард.
Кумита тавзеҳ дод, ки ҳама ҷасадҳои ҳайвоноти мурда аз тариқи сӯзондан бояд нобуд карда шаванд.