ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Русия штамми нави AY.4.2 ошкор шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
Раҳбари гурӯҳи илмии таҳияи усулҳои нави ташхиси бемориҳои инсон дар пажуҳишгоҳи Маркази таҳқиқотии эпидемиологияи "Роспотребнадзор" Комил Ҳофизов мегӯяд, ин навъи нав дар Русия ҳоло кам аст.
Аммо ин мутахассис ба тадриҷ паҳн шудани вируси мазкурро истисно намекунад.
Ҳанӯз гуфтан душвор аст, ки тағйир шакл кардани он то чӣ андоза суръати тавсеаи онро тағйир медиҳад.
Вай афзуд, дар баъзе аз доираҳо аз ин навъ вирус "делта плюс" ном мебаранд, аммо ин ном қаблан ба як навъи дигари коронавирус ишора мешуд ва аз ин рӯ дар ин замин ҳоло нофаҳмиҳо вуҷуд доранд.
Мутахассис шарҳ дод, ки штамми AY.4.2 яке аз шохаҳои сершумори навъи "делта" аст.
Ҳофизов қайд кард, ки эҳтимоли паҳншавии AY.4.2 дар Федератсияи Русия ва ҷаҳон ба таври қобили мулоҳиза вуҷуд дорад.
Эпидемиологи "Роспотребнадзор" истисно накард, ки навъи нав метавонад боиси афзоиши иловагии беморӣ гардад. Ягона василаи муҳофизат ваксина аст, хусусан дар байни онҳое, ки то ҳол коронавирус надоштанд.