Имзои беш аз 100 созишномаи нав миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия

Соҳибкорони Русия ва Ӯзбекистон бо шарикони тоҷики худ дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Соҳибкорони Русия ва Ӯзбекистон бо ҳамтоёни тоҷики худ беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Ин шартномаҳо дар доираи Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" ва Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" имзо шуданд.
Аз Русия то Ӯзбекистон: Ҳамоиши соҳибкорони дохилию хориҷӣ дар Намоишгоҳи "Суғд -2021"
Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" бори ҳафтум аст, ки дар вилояти Суғд баргузор мешавад.
Имсол ин чорабинии муҳими иқтисодӣ рӯзҳои 19 ва 20 октябри соли ҷорӣ гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузории форум - муаррифии имкониятҳои иқтисодиву саноатӣ ва кишоварзиву сайёҳии вилояти Суғд, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва таҳкими муносибатҳо гуфта мешавад.
Манбаъ афзуда, ки дар ярмаркаи имсола теъдоди зиёди соҳибкорону моликони корхонаву ширкатҳои Русия ва Ӯзбекистон ширкат варзида, бо шарикони тоҷики худ дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта бо сабаби пандемияи коронасирус форуми иқтисодии "Суғд - 2020" доир нашуд.