ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. КҲФ дар пайи ҳамлаи хирс ба ду ҳезумчин дар ноҳияи Ванҷ, ки 19 октябр рух дод, тавсияҳоеро дар ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ин ҳайвон ироа кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ муҳим хондааст, ки дар сурати рӯ ба рӯ омадан бо хирс одам оромиро ҳифз кунад. Таъкид шудааст, ки агар хирс шуморо надид, пас талош кунед, оромона пайи кори худ равед, агар хирс ба тарафи шумо ҳаракат кард, тарсро нишон надиҳед.
"Тарси худро нишон надиҳед, баландтар доду фарёд кунед, зарфҳоро, агар дошта бошед, ба ҳам занед, то садо баландтар шаваду ғалоғула бештар", - илова намуд КҲФ.
Зикр шудааст, ки хирс метавонад наздиктар ояд ва ё бо ду пой бархезад, то шуморо дурусттар тамошо кунад ва ё бӯй кашад.
"Хирси роститода назари кунҷковона дорад ва дар ин ҳолат вай хатарнок нест. Талош кунед, аз назди хирс дур шавед, вале боз ҳам аз вай чашм наканед. Агар хирс ҳамроҳ бо шумо ба ҳаракат даромад, пас дар ҷойи худ истед. Ба умеди ҳимоя аз ӯ ҷонибаш чизе партоб накунед. Ин кори шумо боис мешавад, ки хирс ба шумо ҳамла кунад", - ҳушдор дод КҲФ.
Ин ниҳод фирорро роҳи халосӣ намедонад, чун хирс метавонад бо суръати 40 км дар як соат ҳаракат кунад ва дар ҳар ҳолат инсонро ба замин мехобонад.
Барои бо хирс рӯ ба рӯ нашудан дар кӯҳҳо таронасароӣ ё суҳбат бо садои баланд тавсия дода шудааст.
"Ин ба ҳайвон имкон медиҳад, ки шуморо сари вақт мушоҳида кунад ва аз наздатон дур шавад. Танҳо кӯҳгардӣ накунед. Аз роҳҳои маъмулӣ берун нашавед. Ғизои худро нагузоред, хирс ҳисси басо инкишофёфтаи кашфи бӯйи ғизоро дорад ва ин кор ӯро ба тарафатон ҷалб мекунад", - омадааст дар феҳрасти маслиҳатҳо.
Инчунин таъкид шудааст, ки агар ҳангоми гаштугузор дар кӯҳҳо ва бешаҳо лошаи ҳайвоноти мурдаро дидед, ба он набояд наздик шуд, чун метавонад луқмаи монда аз хирс бошад ва хирс ҳамеша аз боқимондаи ғизои худ ҳимоя мекунад.
Ин маслиҳатҳо дар ҳоле нашр шудаанд, ки ахиран ду ҳезумчин дар ноҳияи Ванҷ ҳадафи ҳамлаи хирс қарор гирифта, маҷруҳ шудаанд. Онҳоро сокинон, ки сари вақт ба ҷои ҳодиса расидаанд, ба беморхона интиқол додаанд. КҲФ мегӯяд, ҷароҳати яке сабуку аз дигаре вазнин арзёбӣ мегардад ва аз қавли табибон таъкид шудааст, ки феълан ба ҷонашон чизе таҳдид намекунад.