Пешбарии дигарбораи Усмонов ба мақоми роҳбари Федератсияи шамшерзанӣ

Соҳибкор аз соли 2008 ба ин сӯ раҳбарии Федератсияи байналмилалии шамшерзаниро бар уҳда дорад. Ӯ қаблан ду бор, солҳои 2012 ва 2016 ба ин маснад интихоб шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Номзадии соҳибкор Алишер Усмонов ба вазифаи президенти Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ (FIE) барои як давраи дигар пешбарӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон.
Кунгураи интихобии Федератсияи байналмилалии шамшерзанӣ 27 ноябр дар Лозанна баргузор мешавад.
Алишер Усмонов саховатмандтарин сарватманд номида шуд
Муҳлати пешбарии номзадҳо ба вазифаи роҳбарикунандаи FIE 18 октябр ба охир расид.
Усмонов аз соли 2008 раҳбари Федератсияи байналмилалии шамшерзанӣ буд. Вай ду маротиба дар солҳои 2012 ва 2016 дигарбора ба ин маснад интихоб шуд.
Феълан Алшер Усмонов саҳҳоми холдинги USM мебошад.
Ин ширкат тавлидкунандаи маъдани оҳан "Металлоинвест" ва молики оператори мобилии "Мегафон"-ро назорат мекунад.
Алишер Усмонов саховатмандтарин сарватманд номида шуд
Ширкати Усмонов ҳамзамон молики "Mail.ru Group" тавассути корхонаи муштарак бо "Газпромбонк" ва "Мегафон" мебошад.