Мурофиаи пешакии блогер Бобиев баргузор шуд: Ба ӯ то як соли зиндон таҳдид мекунад

Мурофиаи пешакии парвандаи Музаффар Бобиев, ки бо номи Руслан маъруф аст, баргузор гардида, алайҳаш барои таҳқири эҳсоси диндорон айб эълон гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Алайҳи блогери тоҷик Руслан Бобиев, барои аксҳои баҳсбарангезаш дар маркази Маскав бо иттиҳоми таҳқири эҳсоси диндорон парванда оғоз гардид. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба манобеяш дар додгоҳ хабар додааст.
Инчунин барои дӯстдухтари блогер Анастасия Чистова, ки дар акс ӯ низ ҳаст, муҷозот пешбинӣ шудааст.
Додгоҳ Маскав ин парвандаро 28 октябр баррасӣ мекунад. Рӯзи 20-уми октябр мурофиаи пешакӣ баргузор гардидааст. Барои айбе, ки алайҳи блогер эълон шудааст, қонунгузории Русия то як соли маҳрумият аз озодӣ муҷозот муқаррар кардааст.
Парвандаи Бобиев ба Кумитаи тафтишотӣ ирсол шуд: таҳдиди зиндон ба блогери тоҷик
Бобиев дар аксҳое, ки бо Анастасия Чистова дар либоси корманди пулис дар пеши ибодатгоҳи масеҳиён дар маркази Маскав гирифтааст, вонамуди алоқаи шаҳвонӣ карда, дар шабакаҳо шӯр барангехт. Баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо, бо ҳабси блогер анҷомиданд.
Худи Бобиев дар як наворе зимни бозпурсияш бо узрхоҳӣ изҳор доштааст, ки дигар чунин корҳо нахоҳад кард.