ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сергей Лавров гуфт, Маскав аз "Толибон"* даъват мекунад, ки дар Афғонистон ҳукумати фарогирро таъсис диҳад.
Ӯ гуфт, ки "мо онҳо ("Толибон"*)-ро ба иҷрои уҳдадориҳои худ ҳангоми ба қудрат расидан ташвиқ мекунем, аз ҷумла таъсиси ҳукумати фарогир".
"Ҳукумати нави Афғонистон на танҳо ба қавмият, балки ба эътиқоди сиёсӣ низ такя мекунад ва аз ҳама аҳзобу доираи васеи эътиқод дар ин кишвар намояндагӣ мекунад", - тавзеҳ додааст Лавров.
Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як изҳорот гуфт, дар машварати Маскав вазъи Афғонистон, дурнамои низомию сиёсӣ, ташкили ҳукумати фарогир ва талошҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ аз буҳрони башарӣ дар ин кишвар баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати музокироти Маскав дар соли 2017 барои кумак ба ҳалли қазияи Афғонистон ва бар асоси механизми машваратҳои шашҷонибаи намояндагони махсуси Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон таъсис дода шуд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия